About this app
Ин Барномаи Мазкур Дорои Зиёда Аз 10 Сабти Нави Бобои Ҳоҷи Мирзо Аст.
Ҳоҷи Мирзо Амри Маъруфҳои Нав 2020
Амри Маъруфҳои Нав 2020
Ибронов Мирзомурод Давлатович 22 сентябри соли 1967 дар маҳаллаи Кӯҳдоман (ҳоло кӯчаи «Ҳилоли аҳмар»)-и шаҳри Кӯлоби вилояти Хатлон дар оилаи хизматчӣ ба дунё омадааст. Падари Ҳоҷӣ Мирзо Ҳоҷӣ Давлат ном дошта, аз байни дигар фарзандонаш (шаш духтару се писар) танҳо Ҳоҷӣ Мирзо роҳи илм ихтиёр менамояд ва дар ҷодаи воизӣ яке аз шахсиятҳои барҷастаи ҷумҳурӣ мегардад. Силсилаи шаҷараномаи насабии ӯ аз ҷониби падар ба Домулло Ҳикматуллоҳи Ришдарози Кушёни Сарихосори вилояти Хатлон ва аз ҷониби модар ба эшонҳои Бешмуллои Ховалинг мерасанд. Оиладор, соҳиби 4 фарзанд мебошад.
Таҳсилот
Ҳоҷӣ Мирзо соли 1974 ва дар синнӣ 7-солагӣ ба мактаби таҳсилоти миёнаи умумии № 9 шаҳри Кӯлоб қадам гузошта, соли 1984 таҳсилоти ибтидоӣ ва миёнаи умумиро дар ҳамон мактаб ба анҷом мерасонад. Ӯ пас аз хатми мактаби миёна аз соли 1984 то 1985 ба муддати як сол дар Омӯзишгоҳи муҳосибии шаҳри Кӯлоб таҳсил мекунад.
Хидмати ҳарбӣ
Ҳоҷӣ Мирзо аз соли 1985 то 1986 ба муҳлати 1 сол дар шаҳри Киев Украина дар сафаи қувваҳои мусаллаҳи собиқ Иттиҳоди Шӯравӣ хизмат карда, 26-уми апрели соли 1986 вақте дар Нерӯгоҳи барқӣ-атомии Чернобил садама рух медиҳад, ӯ низ дар қатори зиёда аз 600 ҳазор нафар барои рафъи хисорот ва зарарҳои таркиш ба он ҷо интиқол дода мешавад. Дар ин минтақа, як соли дигар, яъне то соли 1987 ва замони анҷоми муҳлати хидмати ҳарбиаш адои хидмат мекунад.
Фаъолияти корӣ
Соли 1987 ба зодгоҳаш баргашта, худи ҳамон сол дар корхонаи «Хӯроки умумӣ»-и шаҳри Кӯлоб дар вазифа ҳисобчӣ ба кор медарояд. Инчунин дар боғи ботаникии ба номи «Тилло Бобоев» ва корхонаи гулпарварии шаҳри Кӯлоб низ ба муддатҳои гуногун кор кардааст.
Таҳсилоти динӣ
Ҳоҷӣ Мирзо таҳсилоти диниашро аз соли 1980 то соли 1985 бо роҳнамоии модараш дар назди рӯҳонии шинохта Сомеъ Одиназодаи Хатлонӣ, маъруф ба домулло Ширифи Кӯлобӣ ва фарзандонаш, ки дар ҳамсоягиашон зиндагӣ мекарданд, оғоз кардааст. Ҳоҷӣ Мирзо дар ин 5-сола китобҳои таҷвид, «Гулистон»-у «Бӯстон»-и Саъдӣ, «Куллиёт»-и Ҳофиз, осори Бедил, «Чаҳор китоб», «Фарзи айн» ва дигар китобҳои мазҳабие, ки хондани онҳо байни рӯҳониён роиҷ буд, аз бар кардааст. Инчунин, баъд аз он ҳам муносибатҳои ҳасана ва шогирдонаи Ҳоҷӣ Мирзо бо Домулло Шарифи Кӯлобӣ то замони вафоти устодаш дар соли 1996 мустаҳкам боқӣ мондаанд.
Аз соли 1990 то 1995 бо тавсияи устодаш Домулло Шарифи Кӯлобӣ ба назди Домулло Маҳмадуллоҳи Кӯлобӣ рафта, аз илми ҳадис китобҳои «Риёз-ус-солиҳин», «Саҳеҳи Бухорӣ», «Ҳадиси усурӣ» (шарҳи чил ҳадис), аз илми фиқҳ китобҳои «Мухтасар-ул-виқоя», «Шарҳ-ул-виқоя» ва «Ҳидояи шариф», аз илми ақида китобҳои «Фиқҳи акбар», «Ақидаи Мулло Ҷалол» ва «Ақоиди Насафӣ», аз адабиёт асарҳои Саъдии Шерозӣ «Бӯстон» ва «Гулистон», аз фанни забони арабӣ китоби «Мабда-ул-қироат» ва сарфу наҳви забони арабиро омӯхтааст.
Ҳоҷӣ Мирзо соли 1995 ба Ҷумҳурии Исломии Покистон рафта таълимоташро дар Донишгоҳи байналмилалии исломии исломободи Покистон то соли 2000-ум такмил медиҳад. Баъд аз он ба зодгоҳаш баргашта, дубора барои муколамаи дарсҳо назди устодаш Домулло Маҳмадуллоҳ меравад.
Фаъолияти динӣ
Ҳоҷӣ Мирзо аз соли 2000 соли 2010 ба муддати наздик ба 10 сол дар масҷиди ҷомеи маҳаллаи «Ҳилоли аҳмар»-и шаҳри Кӯлоб имомхатиб шуда кор мекард ва даврони шукӯфоии илмӣ ва шӯҳратёр шуданаш низ аз минбари ҳамин масҷид оғоз шудааст. Ҳоҷӣ Мирзо дар ин муддат тавонист, ки бо мавъизаҳояш болои ҷавонони ин минтақа таъсир гузорад ва ҳамчунин мардуми зиёдеро ба худ ҷалб кунад. Яке аз сабабҳои тезтар маъруф шуданаш ин буд, ки дар рафти маъвизаҳояш ба суолҳои мардум самимона посух мегуфт.
Ҳоҷи Мирзо дар расонаҳо
Ҳоҷӣ Мирзо яке аз чеҳраҳои тобноктарини матбуоти даврии тоҷик ва бурунмарзӣ буда, аз ҷониби ҳафтаномаҳои ватанӣ чандин маротиб воиз ва рӯҳонии сол эълом гаштааст.
App Permissions
Allows an application to read from external storage.
Allows an application to write to external storage.
Allows read only access to phone state, including the phone number of the device, current cellular network information, the status of any ongoing calls, and a list of any PhoneAccounts registered on the device.
Allows applications to open network sockets.
Allows using PowerManager WakeLocks to keep processor from sleeping or screen from dimming.
Allows applications to access information about Wi-Fi networks.
Allows applications to access information about networks.
Allows an application to record audio.